zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази «Дурахшон» бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва ятимон кулл ҳамоиш доир гардид.

Раиси шаҳр зимни суханронии худ таъкид намуд, ки насли наврас ва тақдири эшон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бевосита Сарвари кишвар қарор дошта, дар ҳар сафари худ ба манотиқи мухталфи бо онҳо дидору мулоқот анҷом медиҳанд. Хосса ба он наврасоне, ки бо амри тақдир волидони худро аз даст додаанд диққати бештар дода ва борҳо ба онҳо таъкид намудаанд, ки мо намегузорем, ки шумо эҳсоси танҳоиву бекасӣ намоед.

Воқеан, Пешвои миллат намунаи олии хирадмандиву ғамхории падарона ба қишри ба таваҷҷуҳ ниёздоштаи ҷомеа мебошанд. Зеро бо дароз намудани дасти мадад ба онҳо дар арафаи ҳар иди мусалмониву миллӣ ва расонидани кумак ба оилаи ин гуна ашхос, ба дигарон дарси ҷавонмардиву ҳимматбаландӣ ва саховату дасткушодӣ медиҳанд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо пайравӣ аз аъмоли шоиста ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззам руҳу илҳоми тоза гирифта, пайваста ба ятимону ниёзмандон дасти мадад дароз менамояд. Аз ҷониби Раиси шаҳр ба ҳар кадоми онҳо маблағ ва дасторхони пурнеъмат ороста шуд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи шаҳр барномаи рангини консертии хубу марғуб доир гардид, ки аз он табъи ҷавонон болида гардид. Боздиди онҳо аз гулгашти Боғи Камоли Хуҷандӣ ва музеи шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд.

Дар навбати худ онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ намуда, хушнуд будани худро изҳор доштанд.