zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода дар толори хурди мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид. Нахуст роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Абдуаҳад Ҳакимзода доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ин давра ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 8 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки бо мақсади таъмин гардидани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, нақшаи чорабиниҳо низ таҳия гардид.

Давоми семоҳаи аввали соли 2018 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 31,2 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 106,0 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Дар натиҷа ба буҷет 1 миллиону 876,9 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 10,4 миллион сомонӣ ё 119,9 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 1,7 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Воридоти барзиёдии андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр саривақт таъмин карда шаванд. Дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 99,3% иҷро гардид. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 5,0 миллион сомонӣ ё 62,8% маблағи буҷет равона шуд. Пардохти музди маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ дар се моҳи соли ҷорӣ бо пуррагӣ таъмин гардид.

Дар семоҳаи аввал дар натиҷаи татбиқи саривақтии вазифаҳои муайяншуда муяссар шуд, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр таъмин гардад. Дар давоми семоҳи аввали соли 2018 ба иқтисодиёти шаҳр 142 миллиону 732,5 ҳазор сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб карда шуданд.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми се моҳи соли 2018 ба маблағи 927,4 миллиону сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 113,2 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 107,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 99,2%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 0,8% ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.

Муассисаҳои таълимии томактабии №1, №2, №3 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст карда шуданд. Толори маҷлисгоҳ ва ду толори варзишии мактаби №1 пас аз таъмир ба истифода дода шуд. Қабати дуюми бинои мактаби №6-и шаҳраки Зарнисор аз таъмири капиталӣ бароварда, ба истифода дода шуд.

Дар баробари дастоварҳо инчунин камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта ошкор ва омилҳои онҳо муайян карда шуданд, ки Раиси шаҳр барои боз ҳам ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, тақозо намуд, ки норасоиҳо ва монеаҳо барои рушди бонизом зуд баратарф карда шаванд. Дар ҷамъомад намоянда аз МИҲД-и вилояти Суғд муовини аввали Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо иштирок ва суханронӣ намуд.