zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳр Сатториён Матлубахон Амонзода ва иштироки муовини аввали раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо иҷлосияи ХIV маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон (даъвати панҷум) доир гардид. Пас аз иҷрои Суруди Миллӣ, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд.

Доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014 №353 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар шаҳри Гулистон муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода баромад намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки баҳри амалӣ намудани барномаи мазкур қарори Раиси шаҳр аз 14-уми октябри 2014 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои ин барнома таҳия ва тасдиқ шудааст.

Бахшида ба даррёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр фаъолияти худро ба таври дилхоҳ роҳандозӣ намуда, рисолати худро иҷро карда истодааст. Бояд гуфт, ки дар даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ ду нафар хонандаи синфи 11 ва як нафар хонандаи синфи 10 аз фанни забон ва адабиёти рус ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин як нафар хонанда дар олимпиади Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика ширкат варзида, ғолиби давраи аввал гардид. Холи миёнаи сатҳи дониш дар мактабҳои шаҳр ба 3,4 баробар аст.

Дар рафти иҷлосия, инчунин ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Муталиб Абдулоев ва ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Баҳористон” №23 Юнус Сабуров шунида шуд. Ғайр аз ин ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тағйирот ворид гардида, Абдумалик Содиқов вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10, Сулаймон Насимов аз ҳавзаи интихоботии “Восифӣ” №31 бинобар пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколати вакилиашон аз ҳайати камиссияҳои дахлдор озод карда шуда, вакилони нав интихобгардида Оқилзода Ғайрат ва Равшан Ахмедов ба ҳайати комиссия ворид карда шуданд.

Вакилон тибқи рӯзномаи иҷлосия масъалаи дар бораи аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ гузаронидани хатҳои барқ ва истгоҳҳои трансформатории шаҳраки Консой ва як қатор қарорҳое, ки аз ҷониби Раиси шаҳр ба тасвиб расида буда, тасдиқ намуданд.

Вакилон Каромат Қосимова, Парвиз Аҳмадҷонов ба музокира баромада, доир ба масъалаҳои баррасишуда афкори хешро баён намуданд.

Доир ба масъалаҳои баррасишуда вакилони Маҷлиси шаҳрӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.