zoofirma.ru

Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои он бо иштироки Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дави наврӯзӣ ва веломарафон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, корҳои дохилӣ ва корхонаву ташкилотҳои шаҳр, дар маҷмӯъ, беш аз панҷ ҳазор нафар фаъолона ширкат варзиданд.

Дар поёни чорабинӣ Раиси шаҳр ғолибони озмунро таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии мақомотро эҳдо намуд.