zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода матбуотчиёнро бо иди касбиашон таҳният намуда, доир ба рисолати рӯзноманигорӣ сухан ронд. Тазаккур дода шуд, ки алҳол дар ҳудуди шаҳр як ҳафтаномаи расмии «Соҳил» ва моҳномаи соҳавии «Гулистони дониш» арзи вуқуд доранд. Матбуоти шаҳр ҳамчун оинаи ҳақгӯ буда, воқеиятро ҳаққонӣ инъикос карда, барои таҳкими арзишҳои истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ва таъмини пояндагии сулҳу субот саҳми бориз дорад. Дар ҷамъомад инчунин қайд карда шуд, ки ягона рӯзномаи расмии шаҳр – «Соҳил» 20-сола шуд.

Дар охир ба намояндагони васоити ахбори омма сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд. Ҳамчунин ба идораи рӯзномаи «Соҳил» як дастгоҳи нави аксбардории замонавӣ туҳфа карда шуд.