zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҷаласаи ҳисоботии Шӯро баргузо гардид.

Котиби Шӯрои Ҳаракат Илҳом Мадализода доир ба фаъолияти густурдаи аъзои Шӯрои Ҳаракат дар соли 2017-ум иттилоъ дод. Қобили зикр аст, ки алҳол дар 109 ташкилоти ибтидоии Ҳаракат қариб 10 ҳазор нафар аъзо барои таҳкими сулҳу суботи ҷомеа корҳои зиёди мушаххасро ба анҷом мерасонанд. Дар музокира сарварони ташкилотҳои ибтидоӣ Сафар Нурматзода ва Мирҷумъа Бобозода иштирок намуданд. Дар кори ҷаласаи Шӯрои шаҳрии Ҳаракат намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Дилором Ҷабборова иштирок ва баромад намуд. Дар интиҳо Раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракат Матлубахон Амонзода сухан ронда, доир ба вазифаҳои аъзои Шӯро ва ташкилотҳои ибтидоӣ дастуру супоришҳо дод.