zoofirma.ru

Рӯзи 31 январ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Гулистон аз ҷониби роҳбари вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла изҳор гардид, ки сокинони шаҳр дар натиҷаи меҳнати пурсамар ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар натиҷа нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр ба андозаи 116,8 дарсад ва нақшаи буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 111,9 фисад таъмин шудааст.

Бо назардошти минтақаи саёҳатӣ будани шаҳри Гулистон таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии он торафт афзун мегардад. Дар ин замина, тавсия дода шуд, ки соҳили Баҳри тоҷик аз иншооти каммоҳият озод карда шуда, ба ҷои онҳо меҳмонхонаҳои хурди замонавӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бунёд гарданд. Барои шаҳри Гулистон сохтани тарабхонаҳои брендӣ низ аз аҳмият холӣ нахоҳад буд. Дар қатори муаммоҳои шаҳр ҳамзамон норасоии муассисаҳои таълимӣ эҳсос карда мешавад. Бинобар ин, бо ташаббуси роҳбари вилоят аз ҳисоби буҷети вилоятӣ дар ҷамоати Сарбанд як мактаби нави замонавӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои бозмонда дар шаҳракҳои саноатии Адрасмону Чоруқдаррон ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои сокинон аз ҷумлаи дастурҳои дигари роҳбари вилоят аст, ки бояд масъулини соҳа нисбати ин масъала тадбирҳои амалӣ андешанд.

Роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар самти тақсимоти замин, барқарор намудани хати ташноби шаҳр ва ба роҳ мондани сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёнаи камхарҷ ҷиҳати таъминоти сокинон бо манзили зист аз муаммоҳои дигари ҳалталаб барои мақомоти иҷроия мебошанд.

Саноатчиёни шаҳр соли гузашта дар ҳаҷми 3,5 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2016 1,4 млрд. сомонӣ зиёд аст. Ҳиссаи шаҳр дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят бошад, 36 фисадро ташкил додааст. Аммо бояд гуфт, ки дар сохтори рушди соҳа ҳиссаи асосӣ, ё худ 86 дарсади истеҳсолот ба корхонаи муштараки Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой рост меояд. Бинобар ин, ҷиҳати коҳиш додани вобастагии соҳаи саноати шаҳр аз ин корхона, бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда зарур аст. Дар ин самт роҳбари вилоят дастгирии бахши хусусиро аз ҷониби мақомоти иҷроия ва дигар сохторҳои дахлдор роҳи воқеии расидан ба ҳадаф меҳисобад.

Мутассифона, соли гузашта ягон коргоҳи истеҳсолии нав дар шаҳр созмон дода нашуда, дар баробари ин, аз фаъолият бозмондани комбинати маъдантозакунии Адрасмон боиси ташвиш мебошад. Вусъат додани фаъолияти корхонаи заргарӣ ҳам ба рушди соҳаи саноати шаҳр таъсири назаррас хоҳад расонид.

Роҳбарияти шаҳрро лозим аст, ки ҳамзамон ба ҳалли масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил, ҳозиршавии мутахассисон ба ҷои кор, таъмини соҳаи тандурустӣ бо табибони соҳибихтисос, воридоти таҷҳизоти замонавии ташхисӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба роҳ мондани фаъолияти бонизоми муассисаҳои варзишӣ, ташкили фермаи ширию молӣ дар ҳудуди шаҳр, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва ташкили ҳукумати электронӣ эътибори саривақтӣ зоҳир намояд.

Роҳбари вилоят ҳамзамон фаъолони шаҳрро барои вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба пешвози ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуд.

Дар фарҷоми сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат Муҳсин Раҳимов ва Санавбар Нуруллоеваро аёдат намуд. Хотирнишон бояд кард, ки Қаҳрамони меҳнатӣ сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов солҳои зиёд дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, инчунин дар вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят фаъолият бурдааст. Ходими ҳизбӣ ва давлатӣ Санавбар Нуруллоева низ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла дар солҳои 1983-1993 дар вазифаи раиси ноҳияи Ашт кор кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд