Матни равон

6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Ченро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндагони Бонкро дар кори Конфронси дуюми оби Душанбе нишони дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об арзёбӣ карданд.

4 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш оид ба ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Кори нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлимро Петтери Таалас — Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Имрӯз, 04.06.2021 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр  ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро бо иди касбиашон табрик намуда, зикр дошт, ки  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон ба гулистон табдил ёбад.

Сокинони шарафманди шаҳри Гулистон тавассути корҳои ободониву кабудизоркунӣ ҳамеша ҷиҳати пойдориву шукуфоии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд, чунки зебоию ободонии ҳар як шаҳру деҳот аз худи мо вобаста аст ва барои мардуми мо, сатҳу сифати зиндагӣ, рушду нумуи Ватани азиз аст.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи июн Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бо тантана таҷлил мегардад.

Имрӯзҳо кормандони соҳаи мазкур баҳри таъмини хизмати маишӣ, беҳтар гардидани хизматрасонӣ дар соҳаи савдо, ҳамчунин оид ба андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, дар ташкили шанбегиҳо, дарахтшинонию тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист фаъолона иштирок менамоянд. Нуқтаҳои савдо, иншоотҳои маишӣ ва хиёбону гулгаштҳое, ки дар ҳудуди шаҳрамон мебинем, маҳсули меҳнати софдилонаю хизматрасонии оқилона ва дастони гулкори коркунони хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Аз хизмати бошарафу беғарази кормандони ин соҳа руҳ болидаву табъи мардум дучанд хуш мегардад.

Ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон ба гулистон табдил ёбад. Сокинони шарафманди шаҳри Гулистон тавассути корҳои ободониву кабудизоркунӣ ҳамеша ҷиҳати пойдориву шукуфоии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд, чунки зебоию ободонии ҳар як шаҳру деҳот аз худи мо вобаста аст ва барои мардуми мо, сатҳу сифати зиндагӣ, рушду нумуи Ватани азиз аст.

3 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон идома ёфт.

Дар рӯзи дуюми сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Урганҷ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷ меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва мардуми меҳмоннавози узбек самимона истиқбол гирифтанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1212
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13392
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46991
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7688911

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?