Имрӯз, 19.06.2022 дар шаҳри Гулистон новобаста аз рӯзи истироҳат ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии он, корҳои ободониву сабзкорӣ ба роҳ монда шуд.
Дар маъракаи ободонӣ баҳри зебову пурҷило намудани шаҳр дар гулгашти майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва майдони "Тоҷикистон, ба пеш!!!" гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз рафти корҳои сабзу хуррамгардонӣ дидан намуда, ба масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри тақвияти корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ боздид намуданд ва ба ҷамъоварии ангури пешпазак дар ноҳияи Дӯстӣ оғоз бахшиданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун боздид карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и ноҳияи Ҷайҳун боздид намуданд