Матни равон

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ,  ободонию созандагии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода шуда, корҳо дар самти мазкур идома дорад.

Рӯзи 3-юми июли соли 2022 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҳашари дастаҷамъона бо дастгирии саховатмандон гузаронида шуд. Таъмиру азнавсозии оромгоҳи марказии шаҳрак, гузоштани хати об аз масофаи 1км ва сохтани чоҳ ба оромгоҳ ба миқдори захираи об дар ҳаҷми 5 куб, таъмиру рангубори даромадгоҳ, дарвозаи оромгоҳ, насб кардани симчӯбҳо бо барқ ва тоза кардани гирду атроф ба роҳ монда шуд.

Масъулин азм доранд, ки корҳои созандагиву бунёдкориро дар ҷамоати шаҳрак мунтазам идома диҳанд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи  Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, имрӯз 04.07.2022, ба ифтихорӣ  сазовор таҷлил намудани 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тероризму экстромизм  ва тақвият бахшидани фаъолияти филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр,  дар толори бинои Маркази таҳсилоти иловагӣ бо кормандон ва фаъолони соҳаи маорифи шаҳр хониши сиёсӣ дар мавзуи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти Конститутсионӣ", пешгирии терроризму экстремизм ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамзамон, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Акрамзода Рашиди Рузи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид дошта шуд, ки 30 сол муқаддам, санади сарнавиштсози халқу миллати тоҷик - Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзи 2 июли соли 2022 дар доираи даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Душанбе"-и шаҳри Душанберо ба ҳузур пазируфт.

Қисми аввали дидорро бозигарони мизбон бо муваффақият оғоз намуданд. Дар натиҷаи бозигарии дастаҷамъона пас аз зарбаи кунҷӣ нишонзани беҳтарини дастаи "Гулистон" Муҳсин Рустамзода ҳисоби дидорро боз намуд.

Кушодашавии ҳисоби дидор дар оғози бозӣ ба рӯҳияи ҳайати бозингарони мизбон таъсири мусбӣ бахшид ва бо кӯшишҳои пайиҳам маротибаи дуюм ҳуҷумкори даста Муҳсин Рустамзода бо зарбаи қавӣ ва нишонрас хати дарвозаи ҳарифонро рахна намуда, ҳисоби бозиро бар нафъи дастааш афзуд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи  Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон имрӯз, 02.07.2022 ба ифтихорӣ  сазовор таҷлил намудани 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тероризму экстромизм  ва тақвият бахшидани фаъолияти филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, бо кормандон ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки Консой хониши сиёсӣ дар мавзуи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти Конститутсионӣ", пешгирии терроризму экстремизм ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамзамон, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Абдураҳмонов Аҳлиддин ва раиси Ҷамоати шаҳраки Консой Муҳаббатов Амир иштирок ва суханронӣ намуданд.

Санаҳои 28-30-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди  гуштини юнонӣ-румӣ, бо иштироки варзишгарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз рӯйи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Варзишгарони шаҳри Гулистон низ бо роҳбарии мураббиёни намуди варзишии гуштини юнонӣ-румӣ дар шаҳри Гулистон Аминов Собир ва Аминов Аскар дар вазнҳои гуногун бо рақибони худ қувваозмоӣ намуда, дар натиҷаи заҳмату талошҳо ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ, мағлуб намудани якчанд рақибони худ аз шаҳру ноҳияҳои гуногун як нафар сазоворӣ ҷои дуюм  медали нуқра ва 4 нафар сазоворӣ ҷои сеюм ва медали бринҷӣ гардиданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:725
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9719
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43318
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685238

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?