Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл дар кишвар ҳамчун Рӯзи металлургҳо қайд карда мешавад. Имрӯз, якшанбеи сеюми моҳи июл Рӯзи металлургҳо дар ҶМТКММ “Апрелевка” таҷлил карда шуд.
Дар оғоз паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд ба истиқболи Рӯзи меллургҳо манзур карда шуд. Зикр карда шуд, ки воқеан соҳаи металлургия дар рушди иқтисодӣ ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакатнақши муҳимро доро мебошад.Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва дорои сарватҳои фаровони зеризаминӣ мебошад, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, инкишофи муваффақиятноки соҳаҳои иҷтимоӣ ва сатҳи баланди зиндагии аҳолии он бе рушду нумуи саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз имкон берун мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тараққӣ ва ривоҷу равнақи соҳаи саноат, аз ҷумла металлургия диққату эътибори доимӣ зоҳир менамоянд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» мулоқот намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун»