Имрӯз, 25 июли соли 2022 бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир ба гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.
Дар кори машварат муовин, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо ва комиссари ҳарбӣ ширкат намуданд.