Матни равон

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ифтитоҳи иншооти нави таъйиноти гуногун иштирок намуда, бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Имрӯз, 4 августи соли 2022, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободонӣ ва омодагиҳо ба соли нави хониш аз муассисаҳои таълимӣ ва рафти таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо ва омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯчаҳои шаҳр боздид ба амал овард.

Дар раванди боздид аз муассисаҳои таълимӣ ва кўдакистонҳо  аз машғулиятҳои таълимӣ ва консервакунонии кормандони кўдакистонҳо шинос гардида, дар бораи дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҷиҳати таъмин ва захира намудани маводи ғизоӣ тавсияҳо дода шуд.

Ҳамчунин, дар рафти боздид аз кӯчаҳои шаҳр ҷиҳати ободу зебо намудани маркази шаҳр шинос гардиданд.

Имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии он, корҳои ободониву сабзкорӣ бо маром ҷараён гирифта истодаанд.

Дар маъракаи ободонӣ баҳри зебову пурҷило намудани шаҳр дар гулгашту хиёбонҳо, роҳравҳо, шафати роҳи асосӣ гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуда истодааст.

Дар корҳои ободонӣ масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри тақвияти корҳо ҳамарӯза фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба машқгоҳи ҳарбии Фахробод дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҳудуди машқгоҳи мазкур бо намунаи якчанд техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозирамони ҷангӣ ва бинову иншооти ёрирасони ҳайати шахсии ин ҷузъи низомӣ шинос гардиданд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Иро, ки бо сафар дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуда, зикр карданд, ки «Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем».

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1497
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5875
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:61953
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7703873

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?