Матни равон

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ — 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни солгард бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар давлатдории миллии мо мебошад.

Бояд гуфт, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика, сохтмон, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Имрӯз, 25.08.2022 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони  ташкилоту муассисаҳо дар ҶСК "Қолинҳои Қайроқум" бахшида ба  таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии падидаҳои номатлуб, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва захираи маводи ғизоӣ барои давраи тирмоҳу зимистонгузаронӣ, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон , бо  иштироки васеи сокинони касбу кори гуногун  доир гардид.

Зимнан, аз ҷониби масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паём, масъалаҳои самти ҷавонон вобаста ба  вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Санаи 24.08.2022 аз ҷониби гурӯҳӣ корӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳайати Акрамзода Рашиди Рузи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва намояндаи ШВК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона ва тарғиби фарҳанги миллӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбати сарироҳӣ ба сокинон доир ба пайравӣ нанамудан ба фарҳангу либоси бегона ва рӯй овардан ба фарҳанги миллӣ таъкид карда шуд.

Таъкид карда шуд, ки миллате, ки дар давлатдорӣ – сиёсат, иқтисодиёт, таълиму тарбия, маишат, оиладорӣ ва дигар самтҳои зиндагии ҳаррӯзаи худ фарҳанги миллии худро эҳтиром мекунад, дар назди миллатҳои мутамаддини олам дар ҳар давру замон соҳиби обрӯю эътибор мебошад. Хеле хуб донистани фарҳанги худ барои роҳ надодан ба худсарона воридшавии ҷузъҳои номатлуби фарҳанги миллатҳои дигар ба фарҳанги миллӣ, ки бегона ва қобили қабул нестанд, мадад мерасонад.

Имрӯз, 24.08.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр доир гардид.

Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи  Раёсати маорифи вилояти Суғд Муяссар Ҳайдарзода,  муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва омӯзгорону мураббиён иштирок доштанд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори машваратро оғоз намуда, омӯзгоронро бо фарорасии соли нави хониш муборакбод гуфт. Таъкид гардид, ки масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа иқдомҳои судманд рӯи кор омада истодааст.

Маҳз, натиҷаи ғамхориву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат нисбати соҳаи маориф аст, ки сол то сол рушди бемайлони соҳа ба назар расида,  сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтару хубтар гардида истодааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳр Улуғбек Хожаев оид ба нишондиҳандаҳои соҳаи маорифи шаҳри Гулистон дар соли таҳсили 2021-2022 суханронӣ намуд.

Пас аз он Ҳасанбой Раҷабзода муовини директори МТМУ №14 дар мавзуи “Корҳои санҷишӣ ва нақши онҳо дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон” ва Муҳаррам Набиева мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №5-и Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон дар мавзуи “Роҳҳои самарабахши ташкили кори мудири муассисаи таълимии томактабӣ” маърӯза намуданд.

Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Муяссар Ҳайдарзода низ омӯзгоронро таҳният гуфта, дар ба даст овардани дастовардҳо ва иҷро ҳадафҳои дар пеш гузоштаашон комёбӣ таманно намуд.

Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода доир ба вусъати корҳои таълиму тарбия, иҷрои ҳадафҳо, ба даст овардани дастовардҳои назаррас дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

Сипас, лоиҳаи қарори машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр бо овоздиҳии якдилона қабул карда шуд.

Дар поёни машварат ба омӯзгорони ҷавон, навовару эҷодкорон ва собиқадорони соҳа туҳфа ва Сипосномаҳои Раиси шаҳри Гулистон ва Раёсати маорифи вилоят супорида шуд.

Дар фарҷом санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро манзури иштирокдорон намуданд.

Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табобат гирифтаанд.

Дар Гулистон теъдоди зиёди осоишгоҳҳо мавҷуд буда, дар шаҳри соҳили Баҳри тоҷик барои истироҳату табобат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Яке аз чунин осоишгоҳҳои маъруф "Соҳил" буда, айни замон сохтмони бинои иловагии он идома дорад. Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, бо сохта шудани бинои нав теъдоди катҳои осоишгоҳ ба 230 адад расид. Бо ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ барои муолиҷа ва табобату истироҳати муштариён дастгоҳҳои наву замонавӣ ворид ва насб карда хоҳад шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:22
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20003
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49968
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7691888

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?