Имрӯз, 29 августи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати кории назди Раиси шаҳр оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 17 июни соли 2022, №147 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” баргузор гардид.
Дар кори машварат муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, расиони ҷамоати шаҳракҳо ва маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Раъно Ҳошимзода Раиси шаҳр кори машваратро оғоз намуд. Вобаста ба мавзуи якуми рӯзнома комиссари њарбии шањр Хайрулло Сатторзода оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 17 июни соли 2022, №147 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ гузориш дод.