Матни равон

Имрӯз, 03.09.2022 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ бахшида ба Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ярмаркаи мазкур ҷиҳати таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ярмарка дар баробари кишоварзон корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба истеҳсоли маводи ғизоӣ машғуланд маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас - 10-15% арзонтар пешниҳод намуданд.

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.

Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намуда истодаанд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби раиси шаҳри Гулистон доир ба сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳамарӯза корҳои ободониву созандагӣ ҷараён гирифта истодаанд.

Тибқи нақша марҳила ба марҳила намои берунии биноҳои истиқоматӣ рангубор мегарданд, ки дар ин кор саҳми КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр" ва сокинон назаррас мебошад.

Имрӯзҳо корҳои ободониву рангуборнамоии хонаҳои истиқоматии кӯчаи "Истиқлол" ҷараён дорад.

Субҳи имрӯз, 01.09.2022 ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили 2022-2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр устодону хонандагонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҷаҳонгир Салимзода намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш манзури иштирокчиён намуд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн маҷмӯи масъалаҳои мубрами рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид. Пешвои миллат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи  ҳамкории созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар самтҳои мазкур иброз доштанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:471
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17494
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71047
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7712967

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?