Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 31 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо мамлакати мо ва халқи баору номуси он аз нури зиндагибахши хуршеди Истиқлол баҳравар аст. Дар ин росто, бо дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати 31-солагии ин санаи фархунда зикр намуданд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

08.09.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов ва собиқадори хизмати давлатӣ Санавбар Нуруллоева хабар гирифта, фарорасии 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли оилаи онҳо табрик намуд.

Дар суҳбат бо собиқадорон гуфта шуд, ки дастгирии собиқадорони меҳнат таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ин қишри ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни

ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати

ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии

шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Имрӯз, 03.09.2022 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ бахшида ба Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ярмаркаи мазкур ҷиҳати таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ярмарка дар баробари кишоварзон корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба истеҳсоли маводи ғизоӣ машғуланд маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас - 10-15% арзонтар пешниҳод намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2340
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12064
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:68142
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7710062

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?