Матни равон

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

Нахуст оид ба охирин омодагиҳо ба расми ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов маълумот доданд.

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ»-ро ба истифода доданд.

Муассисаи муосири таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми шахси саховатпешаи ватанӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои 640 нафар хонанда дар як баст бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисону муҳандисони дохилӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 250 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд.

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи устодону донишҷӯёни пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин ба муносибати ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино самимона табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 1 сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардааст ва ин тадбир минбаъд низ бомаром идома меёбад.

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Бино аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво бо ғунҷоиши аз 20 то 30 ҷойи нишаст, толори компютерӣ бо 80 ҷойи нишаст, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад.

Муҳтарам омӯзгорон!

Хонандагони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи   бузургтарин ҷашнҳои миллӣ - 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Имрӯз аз файзу баракати Истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон тамоми муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғӯши маърифату маънавият фаро мегиранд.

Давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи  илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3952
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11374
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89761
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629606

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?