Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо самимияти афзун ва муҳаббати ҷовидона Шуморо ба санаи мубораки 70-умин солгарди мавлудатон таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, шукуфоиву саодати ҳамешагӣ, умри бардавом, рӯзгори хушу осуда ва бахту иқболи баланд  таманно менамоем.

Бигзор, ба бахти миллати тамаддунофари тоҷик хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад. Дар роҳи пиёда намудани армонҳои миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки сармеъмору поягузори он ҳастед, бароятон комёбиҳои беназир таманно дорем.

Чун дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, мехостем ёдовар шавем, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик туҳфаеро ҳадя намуд, ки назираш бебаҳост. Тағйироту пешрафт ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ дар кишвари азизамон, бахусус дар гӯшаву канори ватанамон бавуҷудомада, ба фаъолияту талошҳои пайгиронаи Шумо иртиботи ногусастанӣ доранд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонид. Фармони дахлдори Президенти Федератсияи Россия рӯзи сешанбеи 4 октябр дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар медиҳад ТАСС.

«Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонида шавад», — гуфта шудааст дар матни фармон.

Хотиррасон мешавем, ки  соли 2017 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон   барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон бо ордени «Александр Невский»-и   низ мукофотонида шуданд.

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати 70-солагиатон бипазиред.

Ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонӣ мебошад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ҳанӯз, 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорӣ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиносии мо равона гашта,  аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Бо мурури замон, бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловагиҳо ба он ба миён омаданд, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009  қабул гардид.  Минбаъд ҳар сол  санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи иди касбии омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол” намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии ботантана оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд, сардори раёсати маорифи вилоят Набизода Мадина Раҳмат низ иштирокчиёнро ба ин муносибат таҳният гуфт.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4329
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14053
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:70131
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7712051

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?