Матни равон

Санаи 06.03.2024 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки бонувони собиқадор ва фаъолзанон миззи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Мадина Каримова, сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва собиқадори хизмати давлатӣ Сановбар Нуриллоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Имрӯз, 07.03.2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандзанони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр"-ро табрику таҳният намуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар  КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр" бонувон фаъолияти пурсамар нишон дода, дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр нақши бориз доранд.

Ба бонувон-кормандони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр" туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Бонувон доир ба ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд.

Имрӯз, 07.03.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Нахуст, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода модарону бонувонро ба ин муносибат муборакбод намуд.

Зикр карда шуд, ки боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои муждагонӣ аз баҳору Наврӯз, оғози фасли шукуфтанҳо ва бедории табиат дар саросари олам ва бахусус Тоҷикистони маҳбуб Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Ӯ меҳрубонтарин, азизтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст. Таманнои модар бардаму солим ба камол расидан, соҳиби одобу маърифат гардидан, соҳиби касбу кор ва обруманд шудани фарзанд мебошад.

Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои муждагонӣ аз баҳору Наврӯз, оғози фасли шукуфтанҳо ва бедории табиат дар саросари олам ва бахусус Тоҷикистони маҳбуб Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати фарорасии  Рӯзи модар кулли бонувони шаҳрро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буда, нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯ мебошад. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.

Субҳи имрӯз, 07.03.2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳрро табрику таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки Рўзи модар дар кишвар бо пешниҳод ва ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таъкид намуданд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1540
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13720
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47319
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7689239

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?