Матни равон

Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҷлиси раёсати кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардид. Доир ба вазифаҳои аъзои ҳизб дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 7-уми феврали соли 2019 раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд.

Доир ба омодагии ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо занон Муяссар Раҳимова баромад намуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, ҳамзамон рӯйхати фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, гурӯҳи аналитикӣ ва дигар масоили ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни "Дастони моҳир" баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон низ фаъолона иштирок намуданд. Пас аз баҳогузори ҳакамон маълум гардид, ки хонандаи синфи 8 МТМУ рақами 7-и шаҳраки Адрасмон дар бахши "Қолинбофӣ" сазоворо ҷои саввум шуда, бо дипломи дараҷаи се қадрдонӣ карда шуд. Инчунин дар бахши "Пешниҳоди анъанаҳои миллӣ" хонандаи синфи 10-и МТМУ рақами 5-и шаҳраки Адрасмон Салими Паризода барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи озмун сарфароз гардид.

Санаи 24-уми феврали соли 2019 дар участкаи 1 интихоботӣ (ҳавзаи интихоботии «Балхӣ», №2) воқеъ дар бинои меҳмонхонаи «Далер-777» мутобиқи талаботи моддаи 48  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” бинобар пеш аз муҳлат қатъ карда шудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон интихоботи миёнадаврӣ гузаронида шуд.

Дар ҳавза рӯзи интихобот 473 нафар интихобкунандагон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон и.в. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода 76,3 дар сади интихобкунандагон овоз доданд.

Комиссияи дахлдори интихоботӣ доир ба баргузории интихоботи миёнадаврӣ ва интихоби вакил қарори дахлдор қабул намуд.

Рӯзҳои охир сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони буҳтонсозиҳои ашхоси ғаразнок табдил гаштааст. Ҳамаи ҷойҳоро аз ҳангомасозиҳои марбут ба бозгашти Шарофиддин Гадоев пур сохтаанд. Дигар мавзӯи ҷолиби диққат гӯё барои ин ҷанобон намондааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҷавон дар зери роҳбарӣ ва сарпарастии бевоситаи шахсони номаълуми хориҷӣ ва хусусан дар зери  роҳбарии раиси Паймони зиддимиллӣ  нисбат ба миллат ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои бӯҳтономезу дурӯғинро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет пахш менамуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2681
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3162
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12855
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20280
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:58581
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:69931
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1682440

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?