Гулистониёни гиромиқадр!
Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав барои ҳамагон соли неку бобарор орзу менамоям.
Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилал қадами мубораку ҳаётофарини худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ аз аҳди Ҷамшед истиқбол менамуд ва ин иди бузургтарини миллӣ бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мегардид. Ҷашни Наврӯз, махсусан дар аҳди Сомониён, чун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд ёфт.