Матни равон

Имрӯз, 02.04.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, тақвияти корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.

Субҳи имрӯз, 01.04.2024 дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр маросими гусели ботантанаи наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2024, №791  “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тавсиб расид. Вобаста ба ин Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Ҳамчунин, моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, АП 470 ва қарори Раиси вилоят аз 5 марти соли 2024 рақами 51 бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба чакандӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ дар вилояти Суғд  давраи вилоятии Фестивали "Сад ранги чакан" рӯзи 29 марти соли равон дар боғи фарҳангу фароғати Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд.

Аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмун намояндагон фаъолона ширкат намуда ҷойҳои намоёнро ишғол карданд ва бо туҳфаю Сипосномаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давоатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла намояндаи шаҳри Гулистон дар бахши "Беҳтарин либосҳои кӯдакона" сазовори мақоми дуюм гардид.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.

Имрӯз, 30.03.2024 бо иштироки муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, кормандони Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳр, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр шафати роҳи асосӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.

Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

 

DUSHANBE, 29.03.2024 (NIAT Khovar) – On March 29, the Kyrgyz city of Batken hosted a regular meeting of the co-chairs of the governmental delegations of the Republic of Tajikistan and the Kyrgyz Republic on delimitation and demarcation of the state border Saimumin Yatimov and Kamchybek Tashiev.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2470
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14650
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48249
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690169

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?