Матни равон

Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Санаи 02.04.2024 дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фестивали мазкур оғоз гардид. Дар оғози Фестивал Фаридуншоҳ Абдуллоев намояндаи МИҲД-и шаҳр, Насим Мамадҷонов мудири бахши фарҳанги шаҳр, Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Муслимахон Ҷамолиён раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр,  Лутфӣ Мамадҷонова сармуҳаррири рӯзномаи "Соҳил", Замира Исматова мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Биомина Мирзоева директори китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Санаи 02.04.2024 тибқи нақшаи муштараки қисми ҳарбии 45025-и КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо иштироки сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Суғд капитани адлия Асадуллозода А.А. ва подполковник Қурбонзода Хусрав командири қисми ҳарбии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187 ба тасвиб расида, дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 октябри соли 2021, №485 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 18 ноябри соли 2021, №287 ба тасвиб расидааст.

Санаи 02.04.2024 дар дар толори МТМУ №6 ҷамоати шаҳраки Зарнисор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд,  бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Қаҳоров Комрон сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Бахтовар Ҷуразода мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Кассиров Парвиз корманди комисарати ҳарбии шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки санаи ки 9 март дар Кохи “Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мулоқот карданд.

Имрӯз, 02.04.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, тақвияти корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.

Субҳи имрӯз, 01.04.2024 дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр маросими гусели ботантанаи наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2024, №791  “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тавсиб расид. Вобаста ба ин Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Ҳамчунин, моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳо даъват карда мешаванд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1891
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18238
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51837
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693757

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?