Матни равон

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ аз 4 шуъба, аз қабили шуъбаи бактерологӣ, серология, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст, ки ин омил дар оянда барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мутахассисони марказ мусоидат менамояд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ қариб 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд. Фармоишгари бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии ноҳияи Данғара Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Бинои беморхонаи сироятӣ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ бо заҳмати софдилонаи мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои меъмории муосир анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии майдони Парчам 3 гектар буда, он аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 70, дарозии матои он 18 ва паҳноиаш бошад, 9 метрро ташкил медиҳад.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро ба истифода супориданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадова Бахтиниссо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар майдони 1,7 гектар замин дар кутоҳтарин муҳлат ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Имрӯз ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Соли 2021 дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Раёсати ҳозира – аз рӯи ҳисобҳо — сеюмин раёсати давлати мост, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон рост меояд ва таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» баргузор мешавад.

Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» посух доданд.

АМИТ «ХОВАР»: — Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, солгард  фурсатест, ки аз гузашта ёдовар шавем, имрӯзро арзёбӣ  намоем ва ба оянда назар андозем. Шумо дар сароғози таъсиси СҲШ қарор доштед. Ин созмони минтақавӣ чӣ гуна ба вуҷуд омад?

ПРЕЗИДЕНТ: — Ҳамааш, гуфтан мумкин, расо чаҳоряк аср  муқаддам — аз муколамаи фаъоли сарони давлатҳо оғоз пазируфт. Соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин нахустин мулоқоти сарони панҷ давлат — Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, ки зимни он Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи марзӣ ба имзо расид. Маҳз дар асоси Созишномаи мазкур механизми минтақавии ҳамкорӣ бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ба вуҷуд омад. Пас аз як сол, соли 1997, дар Москва мо Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои мусаллаҳ дар минтақаи марзиро имзо кардем.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2681
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12405
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:68483
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7710403

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?