Матни равон

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст.

Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ду майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол, нуқтаҳои махсус барои теннис, майдончаи бозии кӯдакон ва наврасон, маркази ҷавонон, қаҳвахона, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ барои наврасону калонсолон, ҳавзи моҳипарварӣ ва барои доир намудани барномаҳои фарҳангӣ нуқтаи махсус сохта шуда, баҳри истироҳату фароғати кӯдакон 12 атраксиони замонавӣ насб гардидааст.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Дар деҳоти Боғпарвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.

Дар марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи Воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ шуд, 7 ҳазору 240 нафар аҳолии деҳаҳои Боғпарвар, Чаманистон ва Баҳори ноҳияи Данғара бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ аз 4 шуъба, аз қабили шуъбаи бактерологӣ, серология, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст, ки ин омил дар оянда барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мутахассисони марказ мусоидат менамояд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ қариб 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд. Фармоишгари бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии ноҳияи Данғара Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Бинои беморхонаи сироятӣ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ бо заҳмати софдилонаи мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои меъмории муосир анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии майдони Парчам 3 гектар буда, он аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст.

Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 70, дарозии матои он 18 ва паҳноиаш бошад, 9 метрро ташкил медиҳад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:473
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20454
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50419
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692339

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?