Матни равон

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ карданд.

Баъди иҷрои суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиёни паради низомӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни касбиашон — Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик карданд. Таъкид гардид, ки мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар 30 соли даврони истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба як сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, имрӯз қодиранд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷинояткорона, яъне унсурҳое, ки ба амнияту суботи дохилии давлату ҷомеа ва умуман зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, мубориза баранд.

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистонро бо иди касбиашон - Рўзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфт.

Зикр гардид, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.

09.11.2021, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо тантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Бинобар ин, бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик мегӯям.

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистон!

Роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ милитсияи тоҷик доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои неки ин ниҳоди муҳими давлатиро садоқатмандона идома медиҳад. Дар давоми беш аз як асри мавҷудияти худ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар сафи аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ будаанд. Намояндагони матиниродаи милитсия барои ҳифзи Ватан дар мубориза бо душманони дохилию хориҷӣ дар оғози ташкил ва барқароршавии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳизи сохти конститутсионӣ мардонагӣ ва матонат нишон додаанд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирон бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Белорус сафари кори анҷом доданд.

Дар раванди вохӯриҳои тарафайн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Леонид Заятс мулоқот кард.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва афзун намудани мубодилаи молу маҳсулот ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:535
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7438
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60991
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7702911

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?