Матни равон

Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳри Гулистон бо иштироки Мадинахон Салимзода, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Суғд, Рухшона Содиқзода, кор бо ноболиғони ШВКД шаҳри Гулистон, Матлуба Сатторова, сармутахассиси комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИҲДи шаҳр бо хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълими вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои хонандагону волидон ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷумла ғоратгарӣ, дуздӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, тарзи либоспўшии хонандагон ва шомил нашудан баҳњар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ суханронӣ гардид. Зикр карда шуд, ки дар қисми дуюми моддаи 34-и  Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили  ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”.

16 ноябри соли 2021 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид. Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Раиси шаҳр иброз дошт, ки бо як ҷаҳон ихлосу самимият ва эҳтироми бепоён аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми саодатманди шаҳрро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод менамоям.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони садоқат ва муҳаббати бепоёни мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба Пешвои маҳбуби миллат мебошад, зеро ба шарофати сиёсати оқилонаву ҳадафмандона ва ояндасози Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта, рушди босуботи мамлакат таъмин гардидааст.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

27 сол муқаддам, рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 маҳз дар ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойя шинониданд.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дарахтони секвояи калифорниягиро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд.

Дарахти секвойяи калифорниягӣ зебову нодир буда, 3000 сол умр мебинад. Секвойя дар шароити иқлими Тоҷикистон мумкин аст, то 1000 сол умр бинад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани дарахт ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва беҳдошти муҳити зист дар кишвар оғоз бахшиданд.

Имруз 13 ноябри соли 2021 дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ, бахши фарҳанг, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар дохил ва атрофи боғи фарҳангии азнавтаҷдидшуда истодаи “Темурмалик” баргузор гардид. Дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Дар гирду атрофи боғ корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуда, гӯшаву канори боғ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Бояд зикр кард, ки тибқи нақшаи лоиҳавӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бозсозӣ гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони сершумори шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” табдил дода мешавад. То имрӯз қисми зиёди корҳои азнавтаҷдидсозии боғи мазкур ба анҷом расидааст.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:910
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9904
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43503
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7685423

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?