Матни равон

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ маъракаи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, дастуру супоришҳо доданд.

02.11.2021, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,

Иштирокчиёни муҳтарам,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Созмони ҷаҳонии метеорологӣ барои ташкили вохӯрии имрӯза изҳори сипос намоям.

Тавре ки маълум аст, об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро  тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад.

Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст.

Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.

Дар толори калони МИҲД-и шаҳри Гулистон  1 ноябри соли 2021 машварати кории назди раиси шаҳр баргузор гардид. Машварати кориро Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ба баррасии он масъалаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Фаъолияти ситоди шаҳриро ғайри қаноатбахш маънидод намуда, ишора карда шуд, ки қисме аз шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад алакай нақшаи даъватро ба иҷро расониданд. Барои шаҳри Гулистон, ки дорои имконияту иқтидорҳои баланд аст, чунин ҳолат хеле нанговар аст.

Ба муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. ва Комиссари ҳарбии шаҳр Зокиров И. супориш дода шуд, ки фаъолияташонро куллан тағйир дода, барои дар муҳлати 3-4 рӯз пурра иҷро намудани нақшаи даъват чораҷуй намоянд. Ҳамчунин раиси шаҳр аъзоёни ситод ва хусусан раисони Ҷамоати шаҳракҳо ва раисони маҳаллаҳоро эъроди ҷиддӣ гирифта, муносибати онҳоро ба ин масъалаи муҳим натиҷаи дуруст дарк накардани вазъият ва ниҳоят эҳсоси пасти ватандустию меҳанпарастӣ шарҳ дод.

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, хатмкардаи таълимгоҳи мазкур Саидмуҳриддин Сайфов бунёд гардид.

Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ гардидаст.

Сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида, давоми  як сол пурра ва бо сифати баланд сохта шуд.

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматкаши вилояти Хатлон ҷашни бузурги 30 — солагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ таҷлил намуданд ва ин равандро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон идома дода истодаанд.

Таъкид шуд, ки дар нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёду азнавсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин рақам 31 фоизи нақшаи умумии корҳои дар миқёси кишвар пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1311
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13724
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92111
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631956

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?