Матни равон

29 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем.

Дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр ҷиҳати тозаву озода намудани маҳалли зист ва хиёбонҳои шаҳр ба таври дастҷамъона тозагии маҳал гузаронида шуд. Дар тозагии маҳал кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва дигар муассисаҳои буҷетӣ фаъолона иштирок намуданд. Корманди ташкилоту муассисаҳо  пеш аз ҳама ҳудуди муассиса ва корхонаи худро тозаву озода намуданд. Дар шаҳри Гулистон мунтазам ҳашарҳои умумишаҳрӣ ва аксияҳои тозагии маҳал гузаронида мешавад. Амалҳои мазкур ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр, паҳншавӣ ва пешгирии  ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, ободу зебо ва хуррам гардонидани шаҳри сайёҳон ба роҳ монда мешавад.

Дар идомаи корҳои тозагию ободонӣ бо иштироки бевоситаи раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди биноҳои навбунёди КИ ҲХДТ ва Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр гузаронида шуд. Навниҳолҳои дар назди ин биноҳо шинонидашуда аз хориҷи кишвар бо арзиши баланд ворид карда шудаанд, ки дар ҳусну таровати шаҳр зебогии навро зам мекунанд. Ин тадбирҳо минбаъд низ идома ва густариш дода мешавад.

28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот карданд.

Дар вохурӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар, инчунин дигар масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва мо аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатмандем.

28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо Туркияро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва хушбахтона имрӯз муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо раванди устувор касб намудааст.

28 ноябр дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Нозирӣ Хусрав иштирок карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро барои анҷоми муваффақонаи раисиаш дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ табрик гуфта, барои ташкили сатҳи баланди нишасти имрӯза миннатдорӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:689
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20670
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50635
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692555

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?