Матни равон

16 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XXII Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати электронӣ, истифодаи воситаҳои муосири рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ҷавонон, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои Шӯро зикр намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ташкили низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба конвенсияҳои байналмилалӣ, таъсиси рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва ислоҳоти дигарро натиҷаи фаъолияти самараноки Шӯро арзёбӣ намуданд.

16 марти соли 2022 дар қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон бо мақсади таъмини иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи тасдиқгардидаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оила ва шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва маориф  конфренсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари Наврӯз” бо иштироки кормандони ҷамоати шаҳрак, омӯзгорону хонандагон ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи қасри фарҳанги ҷамоати шаҳрак намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва пухтупази таомҳои миллии наврӯзӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар конфренсияи илмӣ-адабӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Ойинисо Раҳматова мудири бахши кор бо занон ва оила, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва Сабоҳат Мамадҷонова намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои барқияи телефонӣ №6 аз 10.03.2022 Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ҷашн гирифтани Иди байналмилалии “Наврӯз”, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бо ҳамҷоягии Мактаби варзишии шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди гӯштини миллиро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созмони Ҷавонон” бо ҷалби фаъолону ҷонибдорони ҳизб ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир намуд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа  раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён  иштирок намуда, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилал шодбош намуда, ба варзишгарон дар мусобиқа бурдбориҳо таманно дошт. Дар мусобиқа наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 2004-2008 ширкат варзиданд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо Дипломи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд. Суратгузориш аз ҷараёни чорабинӣ.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро бо баргузории муваффақонаи интихоботи президентӣ дар кишвар табрик гуфтанд.

Пешвои миллат ҳамчунин Сердар Бердимуҳамедовро барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистони дӯст табрику таҳният гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии сермасъулияташон комёбиҳои бузург ба нафъи рушди минбаъдаву шукуфоии Туркманистон орзӯ намуданд.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич,

Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби олии давлатии Президенти Туркманистони дӯст сидқан табрик мегӯям.

Натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Шумо, ҳамчунин ҷонибдории ҷомеаро аз сиёсате, ки дар кишваратон ба манзури рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии он татбиқ мегардад, пурра таъйид намуданд.

Мо ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бар усули шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, аҳаммияти хосса медиҳем.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:714
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1901
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57979
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7699899

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?