Матни равон

Имрӯз 7 апрели соли 2022, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар маҷлиси фаъолон муовин ва роҳбари дастгоҳи  раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов иштирок намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар се моҳи соли 2022 маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар давоми се моҳи соли 2022 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,6 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 104,9 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 2,8 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 14,5 миллион сомонӣ буда, 15,5 миллион сомонӣ ё 107,0 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,0 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Бо шурӯъ гардидани моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 04.03.2022, №352 марҳилаи нави даъвати шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граҷдании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи майи соли ҷорӣ идома меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд.

Санаи 4 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо роҳбарону фаъолони шаҳри Гулистон машварати корӣ доир гардид.

Дар кори машварат муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Машварат бо сухани ифтитоҳии  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оғоз ёфт. Номбурда иброз дошт, ки бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Имрӯз, 2 апрел аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон тариқи "Равзанаи ягона" доир гардид.

Шаҳрвандон ба роҳбари шаҳр оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо вобаста таъмири хати обу ташноб, мусоидат ба масъалаҳои иҷтимоӣ, баррасии масъалаҳои оилавӣ, расонидани кӯмакҳои моддӣ ва дигар масоил муроҷиат намуданд.

Санаи 31 марти соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ва раиси суди шаҳр Фарҳод Абдуллозода иштирок намуданд.

Ба ҷаласаи Шӯро муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори раёсат, шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сардорони шуъбачаҳои милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ ва нозирони минтақавии милитсия даъват шуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:288
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20269
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50234
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692154

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?