16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт нахуст, дар маҳаллаи Кӯҳсори деҳоти Понғоз хати оби полезиро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди боғи интенсивии «Ибрат» оғоз бахшиданд.
Иншооти асосии хати оби полезӣ бо кофта шудани 4 чоҳи амудӣ аз чуқурии 25 метр омода карда шуда, барои обёрии 14 гектар замини ин мавзеъ пешбинӣ гардидааст.
Оби полезӣ аз чоҳҳои амудӣ тавассути дастгоҳҳои обкашӣ (насосҳо) кашида шуда, ба ҳавзи бунёдгардида бо ғунҷоиши 600 метри мукааб оварда мешавад ва сипас аз тариқи қубурҳои обдиҳӣ заминҳои ин мавзеъ бо усули муосир, яъне қатрагӣ обёрӣ мегарданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистонро
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ «Амина К»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ «Амина-К»-ро ифтитоҳ намуданд