Матни равон

Имрӯз, 4 майи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ҳамасолаи 4 - уми май дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати давлатӣ аз болои пардохти саривақтӣ ва андозҳо мебошад, ки дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми босазо дорад.

Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир  ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд.

Бо ҳамин мақсад санаи 02.05.2022, дар майдони варзишии Ҷамоати Адрасмон мусобиқаи мазкур ташкил ва баргузор карда шуд. Масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва "Мактаби варзиши"-и шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳмонда, тарзи ҳаёти солим ва ақли солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.

Дар асоси барқияи фаврии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз, 2 майи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр Ситоди Комиссияи ҳолатҳои фавқулода доир гардид. Дар кори Ситод муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва аъзои Ситоди Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кори Ситодро оғоз бахшида таъкид намуд, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 2-4 майи соли 2022 дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд боришоти борон, раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Вобаста ба ин масъала аз аъзои ситод ва раисони ҷамоати шаҳракҳо доир ба вазъ ва минтақаҳои хавфнок пурсиш ба амал оварда шуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки шаҳрвандонеро, ки дар минтақаҳои осебпазир истиомат доранд огоҳ гардонанд, техникаҳои муҳандисиро дар ҳолати омодабош қарор диҳанд, доир ба рафъи ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои муассир андешида дар минтақаҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, мунтазам бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар робита бошанд.

Бо муносибати иди саиди Фитр рӯзи 2 майи соли ҷорӣ аз қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳраки Чоруқдаррон дидан карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шавкат Ҳакимов табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди саиди Фитр ба самъи сарбозон расонид. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов доир ба дастгирии ҳамешагии Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҷиҳати таъмини пайвастаи қисмҳои ҳарбӣ бо маводҳои лозимӣ сухан ронд.

Сипас, бо мақсади шиносоӣ аз вазъи хизмати сарбозон аз майдончаи варзишӣ, ошхона, анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва синфхонаҳои дарсӣ дидан карда шуд. Дар рафти боздид бо сарбозон суҳбати самимӣ доир гардида, аз ҳолу аҳволашон огаҳ гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қисми ҳарбии мазкур барои хизмати сарбозон ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.

01.05.2022

азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва осоишу ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон, дар баробари адои фаризаҳои динӣ, ба хотири ободии Ватан ва осудагии рӯзгори ҳар як хонадони мамлакат софдилона заҳмат кашиданд ва суннатҳои неки миллиамон – дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону шахсони бесаробонро вусъат бахшиданд.

Воқеан, ҳикмат ва фазилати моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр тарбияи инсони солеҳу хайрхоҳ ва ғамхору савобҷӯй мебошад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4718
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9096
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:65174
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7707094

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?