Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум оғоз гардид.
Раиси иҷлосия, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода баъди гузаронидани муқаррароти пешбинишуда, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум аз 35 нафар вакилони интихобшуда 32 вакил иштирок дорад ва 3 нафар бо сабабҳои узрнок ҳузур надорад. Ҳамчунин дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шудаанд. Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси шаҳрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори маркази стандартизатся, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов низ ширкат дошт.
Вакилони иҷлосия баъди интихоб ва тасдиқи котибот ба баррасии рӯзномаи он шурӯъ карданд. Ҳамин тавр вакилони Маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳои гуногун, аз ҷумла: дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаҳои интихоботии “Сарбанд” №6 ва “Мирзо Турсунзода” №18, оид ба таъмини иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон барои солҳои 2016-2020» ва тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон барои солҳои 2021-2025», ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Наврӯз” №22 оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Доир ба масъалаи тасдиқи ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаҳои интихоботии “Сарбанд” №6 ва “Мирзо Турсунзода” №18 раиси комисиияи интихоботии шаҳр Абдумуталиб Абдуллоев иттилоот пешниҳод намуд. Вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаҳои интихоботии “Сарбанд” №6 Худойназар Амонзода ва “Мирзо Турсунзода” №18 Сарҳад Баротзода оид ба иљрои ваколатҳои вакилиашон савганд ёд карданд.
Оид ба таъмини иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон барои солҳои 2016-2020» ва тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон барои солҳои 2021-2025» муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Дар баррасии масъалаи мазкур вакил аз ҳавзаи интихоботии “Баҳористон”, №23 Нозим Маҷидов суханронӣ намуд. Доир ба ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ раиси Комиссияи доимӣ Ғайрат Оқилзода вакил аз ҳавзаи интихоботии “Лоҳутӣ”, №33 маърӯза кард. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Наврӯз”, №22 Абдувосит Олимов оид ба ваколатҳои вакилӣ ба иҷлосия ҳисобот пешниҳод намуд.
Сипас, масъалаҳои дигар мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода иҷлосияро натиҷагирӣ намуда, ба масъулини соҳаҳо ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон баҳри фаъолияти самараноки соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру вазифагузориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамаҷиҳата кӯшишу талош менамоянд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум анҷом пазируфт.