Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Модар Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ва директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов ба бонувони собиқадори шаҳр Санавбар Нуриллоева собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, Дилбар Рустамова собиқадори соҳаи маориф, Малоҳат Пулотова собиқадори хизмати давлатӣ, Ризқия Каримова ва Рима Беляева туҳфаҳои Раиси вилояти Cуғд ва Раиси шаҳрро тақдим намуданд.
Собиқадорон аз ин тадбир рӯҳи болида гирифта, ғамхориҳои Ҳукумати кишварро нисбати бонувон ва арҷгузории собиқадорон ёдоварӣ намуда, изҳор доштанд, ки имрӯзҳо бонувони шаҳр баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ шаҳри азизамон, як гӯшаи Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Дар интиҳо собиқадорон барои ин тадбири наку изҳори сипосмандӣ намуданд.