Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо фаъолони шаҳри Гулистон доир гардид.
Муовини аввали Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода мулоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас роҳбар ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Бурҳониддин Ҷабборӣ-узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи шаҳри Конибодом, Ӯғулой Умаралиева-устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шуҳрат Саидзода-устоди Донигоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба паҳлуҳои Паёми Сарвари давлат ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Дар ин раванд, таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон мо неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣбошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.
Сипас иштирокчиёни мулоқот Аҳлиддин Абдураҳмонов, Зубайда Раҳмонова ва Матлабхон Дадоҷонова ба меҳмонон доир ба тавзеҳи Паём изҳори миннатдорӣ баён намуда, доир ба дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда андешаронӣ намуданд.