zoofirma.ru

Субҳи 1-уми марти соли равон дар 35 участкаҳои интихоботии шаҳри Гулистон соати 6:00 пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳӣ муташаккилона оғоз гардид.

Мардуми меҳнатқарини маркази шаҳр ва шаҳракҳои тобеи он бо шукргузорӣ аз истиқлолияту ваҳдати миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озими участкаҳои интихоботӣ гардида, барои ояндаи неки худ раъйи худро ба намояндагони воқеии мардумӣ медиҳанд.

 

Зикр бояд кард, ки дар интихоботи имрӯза тибқи рӯйхат дар ҳудуди шаҳр 23693 нафар интихобкунандагон ширкат меварзанд. Бори нахуст 453 нафар интихобкунандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат меварзанд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ фазои идона ҳукмфармо буда, интихобкунандагон бо рӯҳбаландии баланди сиёсӣ ва ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол дар чорабини муҳими сиёсӣ иштирок доранд. Чуноне аз комиссияи шаҳрии интихобот иттилоъ доданд, тамоми комиссияҳои интихоботӣ тибқи талаботи қонунҳои интихоботӣ фаъолияти худро роҳандозӣ менамоянд. Барои ҳар интихобкунанда барои овоздиҳӣ шароити муносиб ва идона фароҳам оварда шудааст. Интихобот муташаккилона идома дорад.