Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад.
Тавре зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии маҷмаа иттилоъ дода шуд, маҷмааи истироҳатию сайёҳӣ бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат дар мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” қомат афрохта, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон садҳо нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмон корҳо ҷараён дорад.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзид. Дар саҳни маҷмаа даҳҳо бех дарахтони калони ороишӣ шинонида шуд ва Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини дарахтон тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд