zoofirma.ru

Раъно Ҳошимзода 29.10.1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мебошад. Солҳои 2010-2015 ва 2015-2020 вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд будааст. Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1991-1992 муаллимаи кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1992-1992 муаллимаи кафедраи фанҳои умумииқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1993-1997 муаллимаи кафедраи молия ва баҳисобгирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1997-2000 сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва омори факултети молия ва иқтисодиёти бозории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2000-2002 муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети молия ва иқтисоди бозории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2002-2004 муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети молия ва иқтисоди бозории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2004-2007 муовини декани шуъбаи ғоибона, ҳамзамон аз 08.10.2007 сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва омор, инчунин аз 04.09.2006 то 28.12.2007 муовини декан оидба корҳои тарбияи факултети кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2007-2012 муовини декан оид ба корҳои таълими шуъбаи ғоибонаи факултети молия ва иқтисоди бозории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2012-2014 сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва аудит, инчунин ба муовини декан оид ба тарбияи факултети молия ва иқтисодиёти бозор гузаронида шудааст, солҳои 2014-2015 муовини декан оид ба корҳои таълими шуъбаи рӯзонаи факултети молия ва иқтисодиёти бозории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2015-2017 декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, солҳои 2017-2018 муовини раиси шаҳри Хуҷанд, аз 09.02.2018 то 26.01.2022 Раиси шаҳри Бӯстон фаъолият намудааст ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2022, №323 Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон таъин карда шуд.