Раиси шаҳрҚарору фармонҳо
Қарору фармонҳо
598
(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)
Муаллиф: Administrator
|
01 Июн 2016
Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ
оид ба пешгирии коррупсия
Мутобиқи талаботи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, № 1504 ва ҷиҳати таъмин намудани иҷрои тадбирҳои дар Нақша - чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва бо мақсади тақвият додани муқовимат ба коррупсия, қарор мекунам:
1. Ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ки бо қарори Раиси шаҳр аз 30-уми декабри соли 2014, №432 тасдиқ шудааст, дар ҳайати нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).