zoofirma.ru

Дар бораи даъвати иҷлосияи 22-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Қ А Р О Р М Е К У Н А М:

1. Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум 30-юми октябри соли 2019, соати 09:00 даъват карда шавад.

2. Ба баррасии Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:

2.1. Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Гулистон оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2019 ва вазифагузориҳо барои соли 2020;

2.2. Дар бораи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2020.

2.3. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг.

2.4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Мирзо Турсунзода” №18 Абдуллоев Шарифҷон Абдуллоевич оид ба ваколатҳои вакилӣ.

2.5. Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр гузошта шавад.

 

 

Раиси шаҳр                             Фирдавс Шарифзода