zoofirma.ru

Мувофиқи нақшаи чорабинии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Гулистон дар варзишгоҳи «Истиқлол»-и шаҳр мусобиқаи кушод оид ба каратэ-до ва годзю-рю бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он зиёда аз 200 нафар наврасону ҷавонон дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ карданд. Дар ин чорабинии варзишӣ намояндагон аз аксар шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок дошт. Дар натиҷа ҷойҳоии якум ба варзишгарон Анўшервони Одил (ш.Гулистон), Саидмуҳаммад Ҳайдаров (ш.Хуҷанд), Санҷар Бозоров (ш.Истаравшан) насиб гардид.

Ҷойҳои дуюмро Муҳаммад Ҳакимов (ш.Гулистон), Суҳроб Ҷалилов (ш.Хуҷанд), Салимҷон Рўзиқулов (ш.Истаравшан), Зуҳриддин Шамсиев (н.Мастчоҳ) ишғол карданд. Ҷойҳои сеюмро бошад Фарҳод Ҳақназаров (ш.Гулистон), Аминбек Одинаев (ш.Хуҷанд), Хоҷиакбар Эминов (ш.Истаравшан), Асадбек Ҳайиталиев (н.Мастчоҳ) соҳиб шуданд. Дар охир ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.