zoofirma.ru

Ба муносибати таҷлили 23-солагии қабули Конститутисия дар ҳамаи гўшаю канори шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла, ҳафатаи дуюм аст, ки дар кўчаҳои марказӣ шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуда истодааст, ки дар он тамоми масъулон ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ, кормандони корхонаҳову беморхонаҳо иштироки фаъол доранд.

Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо мақсади ободу зебо намудани гирду атроф ва саҳни Минтақаи обтаъминкунии асосҳои маркази шаҳр мумфарш гардида, ҳудуди корханаи мазкур тозаву озода карда шуд. Ғайр аз ин, дар назар аст, ки бо маблағгузории бонки мазкур дар замини назди ин бино боғ бунёд карда мешавад.