zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Боиси тафохур аст, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз чоряк аср инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо мамлакати мо ва халқи баору номуси он аз нури хуршеди истиқлолият баҳравар аст ва туфайли ин дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Имрўз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлати миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрўзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафт, махсусан соҳаи саноати кўҳии кишвар нақши бориз ва арзандаи худро мегузорад. Ҳамагонро бо фарорасии ин ҷашни ҳумоюн - Истиқлолияти Тоҷикистони азиз сидқан муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, рўзгори обод ва комрониву комёбиҳо таманно менамоям.

Бигзор, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандўст оташи меҳру ҳамфикриро фурўзон нигоҳ дорад!