zoofirma.ru

Дар маҷлисгоҳи шуъбаи маориф ҷаласаи Шўрои занони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба вуқўъ пайваста, дар он беш аз 65 нафар бонувони фаъоли корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳои шаҳр иштирок доштанд. Дар ҷаласа панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бонувони фаъоли шаҳр маҳфили доимоамалкунанда таҳти унвони “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз” таъсис дода шуда, Низомномаи маҳфил тасдиқ гардид. Дар маҳфил ҷиҳати эҳтироми насли калонсол, собиқадорони ҳизб, модарони яккаву танҳо ва дигар масоили марбут ба муносибатҳои ҷавонону насли калонсол мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ҷаласа инчунин нақшаҳои амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, шуъбаи кор бо занон тасдиқ шуда, дар ҳайати 41 нафар шўрои занон интихоб гардид.