zoofirma.ru

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳудуди шаҳри Гулистон чорабиниҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, тавсеаи корҳои бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ дар доираи Соли ҷавонон ба хотири дастгирии ҷавонону наврасон, дар онҳо бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба бунёдкориву созандагӣ ва ба варзишу солимгардонӣ тақвият меёбанд.

Имрӯз дар шафати соҳили «Баҳри тоҷик» боз як иншоот барои ҷавонон ифтитоҳ гардид. Майдончаи сунъии варзишӣ бо андозаи 42х22 метр барои тамрин ва баргузории мусобиқаҳо оид ба футбол барои ҷавонону наврасон бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дӯстдорони ин намуди варзиш ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар ифтитоҳи расмии майдончаи варзишӣ Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода иштирок ва суханронӣ намуда, зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста дар самти рушду такомули соҳаи варзиш дар байни ҷавонону наврасон ҷидду ҷадал намуда, барои шуғл варзидан бо варзиш барои мактабиёну ҷавонон тамоми шароитҳои муносибро ҳамеша муҳайё менамояд. Алҳол дар ҳудуди шаҳр бо мақсади солимгардонии ҷисмонии насли наврас дар шаҳр як Маҷмааи варзишии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ,  Кохи варзишии “Истиқлол”, 7 варзишгоҳ бо 4289 ҷойи нишаст, 20 толори варзишӣ бо имконияти дар як вақт тамрин намудани қариб 800 нафар варзишгар, 6 ҳавзи шиноварӣ, 25 майдончаи варзишӣ ва як муассисаи давлатии мактаби варзишӣ фаъолият доранд.

Бунёди варзишгоҳи мазкур идомаи мантиқии корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳр буда, бунёди ин иншоот аз тарафи сохтмончиёни муассисаи ҶДММ «Нерӯи Суғд» дар муҳлати кутоҳтарин ба иҷро расонида шудааст.