09 Январ 2017
Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2016 ба маблағи 2 миллиарду 129 миллиону 523,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати соли қаблӣ бо нархҳои амалкунанда 142,3 фоизро ташкил дод.
Ин нишондиҳанда аз нақша ба маблағи 633 миллиону 341,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2016-ум аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 16-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8% то ба 282,0% расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд.
Саҳми корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд 31,0 фоизро ташкил дода, дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рўи 68 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст.