05 Ноябр 2026
Имрӯз 05.11.2026 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр бахшида ба 32-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Чорабинии идона бо ба толор даровардани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сардори Раёсати сармоягузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов номаи табрикотии Раиси вилояти Суғдро манзури иштирокдорон намуд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода зимни ироаи паёми табрикии худ ба ин муносибат зикр намуд, ки таҷрибаи қабули Конститутсия дар кишвари мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо Истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст.
Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид».
Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода ҳайати шахсӣ, собиқадорони соҳаи милитсияро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик муборакбод намуд.
Дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳаи милитсия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳр тақдим карда шуд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.