22 Октябр 2026
Имрӯз, 22 октябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, сардори шуъбаи шаҳри Гулистони РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода ва сардори нозироти андози шаҳр Исмат Холов иштирок намуданд.
Ба ҷаласаи Шӯро роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори раёсат, шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сардорони шуъбачаҳои милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ ва нозирони минтақавии милитсия даъват шуданд.
Дар ҷаласа тибқи рӯзнома тибқи банди 3-и нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон барои соли 2026 ҳолати иҷрои талаботи қонунгузориҳо вобаста ба ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетии соҳаи маориф, вазъи ҷинояткории ноболиғон ва пешгирии он дар давраи соли 2025 ва 9 моҳи соли 2026 ворид ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба мавзуъҳои рӯзномаи ҷаласа масъулин гузориш дода, барои пешгирии ҷинояткорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби раиси Шуро таъкид карда шуд.